Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар дафтари кории ҳизб бо масъулини шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб мулоқот орост.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли 2015 дар кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки «Наҳзат, ба вижа шуъбаи ҷавонони Наҳзат масъул аст, ки ҷавононро аз афтодан ба доми андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ пешгирӣ кунад».
«Набояд ба ҳама чиз аз нигоҳи рақобат назар андохт, балки ҷавононро аз ҳолати маъюсӣ ва дилсардӣ, ки боиси гароиши бештари онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, берун кард. Аз Толибону Алқоида ҳанӯз халос нашуда, шоҳиди пайдоиши гурӯҳхои ифротии дигар дар чаҳони ислом шудаем, ки аллакай доманаи фаъолияти худро хеле зиёд тавсеъа додаанду сарони бисёре аз кишварҳо аз нуфузи онҳо бонги хатар мезананд», - гуфт ӯ.
Раиси ҲНИТ ҳамчунин таъкид дошт, ки до дарназардошти шароити бади иктисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ, паҳншавии домани андешаҳои тунди ин гуна гуруҳҳо дар минтақа суръат пайдо кардааст, ки метавонад бисёриҳоро ғофилгир бисозад.
«Ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ дурнамои минтақа ва миллатҳоро дуруст таҳлил накардаанд ва мубориза алайҳи нирӯҳои муътадилро пеш гирифта, Исломро дар маҷмуъ ҳадаф қарор медиҳанд. Бо саркӯб ва тазъиф сохтани нирӯҳои демократӣ ва муътадили исломӣ заминаро барои пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав муҳайё карда истодаанд, ки окибати ин раванд барои миллату кишварҳо таъассуфбор хоҳад буд», - гуфт раиси ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста