Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар пойтахти кишвар ширкат варзид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ки аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ иборат аст.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмаа сарвари давлат зикр кард, ки ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.
«Дар маҷмааи имрӯза инчунин чопхонаи муосир ба фаъолият шурӯъ намуд, ки метавонад дар рушди саноати полиграфии кишвар саҳми сазовор гузорад. Чопхона имконият дорад, ки ҳама гуна маҳсулоти чопиро бо нархҳои дастрас ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нашр намуда, дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чопиро афзун намояд. Бояд гуфт, ки корхона бо дарназардошти навтарин технологияи воридкардаи худ имконият дорад, ки бори аввал дар кишвари мо истеҳсоли коғазро аз нахи пахта ба роҳ монад», - гуфт президент.
Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт- 90» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сарвари давлат изҳор намуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории пойтахт ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, муътадил нигоҳ доштани нарх, фароҳам овардани шароит барои фурӯши маҳсулот бевосита аз ҷониби кишоварзон, вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони ноҳияҳои наздики пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон бастани шартномаҳои ҳамкориро дар бобати харид ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшанд.
«Агар соли 2005 дар соҳаи савдову хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 27 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда бошанд, пас ин нишондиҳанда ҳоло беш аз 36 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне дар зарфи нуҳ сол шумораи соҳибкорон 9 ҳазор нафар зиёд гардидааст», - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста