Барои иштирок дар интихоботи навбатӣ, ки моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад, Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар намудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҲАТ, Рустам Латифзода, иҷрокунандаи раиси ҳизб, барои муайянсозии нақшаҳои амал ва фаъолсозии бахшҳои дар маҳалбудаи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида истодааст.
«Ҳамчунин, Сафаров Зайниддин, намояндаи ҳизби ҲАТ дар парлумони кишвар, зимни сафари кориаш дар водии Рашт бо роҳбарони бахшҳо ва фаъолони ҳизбии ин минтақа вохӯриҳо доир намуд, ки мМақсади асосии ин вохӯриҳо омодагирии комил ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар ҳама сатҳҳои мақомоти намояндагӣ, мушаххас сохтани самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аввалиндараҷа вобаста ба ин маъракаи сиёсӣ мебошад», - хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳизб
Гуфта мешавад, тамоми аъзои кумитаи марказӣ ва раисони бахшҳои ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ, фаҳмонидани максадҳои барномавии ҳизб ва омодагӣ ба интихоботи навбатӣ аз тарафи раёсати ҲАТ дастурҳои дахлдор гирифтаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи февралӣ шумораи аъзоёни худро, сар карда аз маҷлисони ҷамоат то маҷлисҳои вакилони ноҳия, шаҳр, вилоят ва парлумони мамлакат бештар намояд



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста