Тоҷикистон ба истиқболи меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ омода аст. Ду нафари онҳо – сарони кишварҳои Эрону Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Ҳамин тариқ шоми рӯзи 9-уми сентябр сафари расмии президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон оғоз мегардад, ки нахустин сафараш ба Тоҷикистон ба ҳайси сарвари давлати Эрон мебошад.
Субҳи рӯзи 10-уми сентябр маросими расмии вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардад.
Ҳамчунин дар Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Президенти Эрон ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Санаи 11-уми сентябр Рӯҳонӣ бо намояндагони аҳли улуми Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 12-уми сентябр аз Душанбе ба ватан бармегардад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи 11-уми сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, аммо барномаи сафари расмии ӯ санаи 13-уми сентябр оғоз мегардад. Рӯзи 13-уми сентябр дар «Кохи миллат» маросими расмии вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардад. Си Ҷинпин ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва оғози сохтмони навбати дуюми ин марказ иштирок мекунад. Ҳамчунин ӯ дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» низ ширкат хоҳад варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста