Дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо супориши прокурори ин ноҳия баста шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, қароргоҳи бахши ноҳияии ҳизб дар Масчоҳ ба соҳиби қаблии ин бино, Исматуллоҳ Боймуллоев бозпас гардонида шудааст.
«Бар асоси риоя нашудани талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар зимни харидани бинои дафтарии кории бахши ҳизб дар ноҳия, прокурор супориш дод, ки бино ба соҳибмулқи қаблӣ баргардонида шавад», - зикр мегардад дар иттилои манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳом Беков прокурори ноҳияро аз иҷрои супориш расман хабар додааст.
«Раёсати бахши ҲНИТ дар ин ноҳия паҳлуҳои қонунии ин амро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса расид, ки он моҳиятан дуруст аст ва дар вақти таъинотӣ бояд ин амрро иҷро кард», - қайд мешавад дар хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста