Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар парлумони оянда, ки интихоботи навбатӣ ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад, фраксияи худро таъсис доданист.
Раиси ҲИИТ, доктори улми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳизби таҳти сарварии ӯ қарордошта дар пленуми моҳи ноябр шумори номзадҳо аз ҲИИТ ба вакилӣ дар парлумонро муайян хоҳад кард.
«Айни замон ҳизби мо ба таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ машғул аст, ки асоси онро пешниҳоду тавсияҳо оид ба эҳёи иқтисоди Тоҷикистон ва баргузории ислоҳот дар бахши иқтисоди миллӣ ташкил медиҳанд», - иброз дошт Олимҷон Бобоев.
Ёдрас мекунем, ки ҲИИТ соли 1995 таъсис дода шуда, имрӯз дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ду нафар намояндагони ҳизб ба курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста