Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ифтихори 23 - солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паёми телевизионӣ ба мардуми кишвар бахшида ба ин ҷашн сарвари давлат қайд кард, ки «ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».
«Мо дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем», - гуфт Э.Раҳмон.
Дар паёми президент ҳамчунин таъкид мегардад, ки дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
«Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт», - изҳор дошт президенти мамлакат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста