Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо таъхири 17-соата аз Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор дошт, ба Тоҷикистон ворид шуд. Соати 10-50 дақиқаи имрӯз ҳавопаймои ӯ ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Ӯ мебоист шоми рӯзи 9-уми сентябр ба Тоҷикистон омада, имрӯз соати 10 вохӯриҳои расмӣ баргузор мешуданд.
Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон бо таъхири 1-соата барномаи расмии сафари президенти Эрон шурӯъ мешавад.
Маросими расмии вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардад.
Ҳамчунин дар Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Президенти Эрон ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Санаи 11-уми сентябр Рӯҳонӣ бо намояндагони аҳли улуми Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 12-уми сентябр баъди иштирок дар нишасти СҲШ аз Душанбе ба ватан бармегардад.
Ҳамчунин зимни сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикисион бояд маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» баргузор шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста