Рӯзи 8 сентябри соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкории муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз рағбати ду кишварро таъкид намуданд.
Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хоси муносибатҳои дустӣ ва ҳусни эҳтироми Тоҷикистону Малайзия мебошад, ҷараён гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста