Президенти Бошқирдистон Рустам Хамитов имрӯз ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт меҳмони олимақомро вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон Шавкат Бобозода пешвоз гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, президенти Бошқирдистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки пагоҳ дар Душанбе ба кор оғоз мекунад, ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, нишасти СҲШ дар соли 2015 дар пойтахти Бошқирдистон – шаҳри Уфа баргузор мешавад. «Дар нишасти созмон дар Душанбе раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Русия мегузарад», - таъкид дошт сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста