Роҳбари Иттиҳодияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бояд ҷиҳати ба эътидол овардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба сатҳи сифтан нав баромадани онҳо мусоидат намоянд.
«Дар минтақаи Осиёи Марказӣ муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон калидӣ мебошанд ва бидуни беҳбуд бахшидан ба онҳо дар бораи кадом як пешрафт дар минтақа наметавон ҳарф зад», - гуфт сиёсатшинос дар шарҳи мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Душанбе.
Мамадазимов қайд кард, ки тайи солҳои ахир миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои зиёди ҳалношудае дар бахшҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба боқӣ мондаанд ва барои ба эътидол овардани ин муносибатҳо ишораҳое ҳам мавҷуданд.
Сиёсатшинос зикр кард, ки пас аз анҷоми нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе ба сохтмони шохаи чоруми лӯлаи интиқоли гази Турманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ҳусни оғоз бахшида мешавад.
«Тошканд ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ тариқи қаламрави худ иҷозат медиҳад, ки он қаламрави Тоҷикистонро низ убур мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки ӯзбекон нисбати Тоҷикистон начандон муносибати сард доранд. Ба гунаи дигар, дар сурати боз доштани баъзе дарҳо, ҳукуматдорони ӯзбек ба амалисозии сиёсати пурра дар бунбаст гузоштани Тоҷикистон ният надоранд», - иброз дошт коршинос.
Дар ҳамин ҳол, қайд кард Мамадазимов, «ҳамааш ба ҳунари гуфтушуниди дипломатияи тоҷик вобаста аст, ки бояд ҳамтоҳои ӯзбеки худро ба соддакунии расмиёти транзити нақлиёти автомбилӣ ва роҳи оҳан тариқи қаламрави Ӯзбекистон муътақид созанд».
Сиёсатшинос таъкид дошт, ки мебояд оғози сохтмони лӯлаи интиқоли газро нуқтаи гардиш қарор дода, аз рӯи ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гуфтушунид пардохт.
«Ман бар ин назарам, ки ҳам Тоҷикистону ҳам Ӯзбекистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи муносибатҳои дуҷониба манфиатдоранд, ҳадди ақал ба иллати аз Афғонистон хориҷ шудани ИМА ва эҳтимоли ба таҳдидҳои зиёд таъмини амният дучор гардидани минтақа. Масъалаи таҳкими ҷабҳаи ҷанубӣ, яъне аз сӯи Афғонистон, бояд омили таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои гуногуни тундгаро ва террористӣ гардад», - афзуд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста