Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд.
Атамбоев қайд кард, ки СҲШ бар асоси Панҷгонаи Шанхай таъсис дода шуда, дар шакли панҷҷониба дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи марзӣ созишнома ба имзо расида буд, ки имрӯз ҳам амал мекунад. «Ин тавофуқот дар таъмини амният ва субот дар тамоми минтақа саҳми назаррас гузоштанд», - иброз дошт сарвари давлати ҳамсоя.
Ӯ бар ин назар аст, ки бо назардошти воқеъияти кунунӣ, ба тамоми кишварҳои узви СҲШ иҷрои бечунун чарои тавофуқоти ҳосилшуда ва кӯшиши ҳамаҷониба оид ба таҳкими тадбирҳои эътимод дар минтақа зарур аст.
«Фикр мекунам, ки маҳз таҳкими эътимод дар манотиқи марзии кишварҳои узви СҲШ бояд яке аз афзалиятҳои мо гардад. Дар ин самт бо мақсади таъмини татбиқи амалии талошҳои дахлдор пешниҳод дорам, ки барои таҳия ва минбаъд ба имзо расидани лоиҳаҳои созишномаи дуҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими эътимод дар манотиқи марзӣ тадбирҳо андешида шаванд», - афзуд А.Атамбоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста