Субҳи имрӯз президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони фахрии раиси нишасти Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Бино ба маълумоти сафорати Туркманистон дар ҶТ, имрӯз гуфтушунидҳои президенти Турманистон бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо доир мегардад.
Зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Турманистон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, ба масоили ҷараёни сохтмони лӯлаи интиқоли гази Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин (шохаи D) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Маросими расмии оғози сохтмони ин лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 13-уми сентябр бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ эҳтимол масъалаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ матраҳ гардад.
Ёдрас мекунем, ки сафари охирини президенти Турманистон ба Тоҷикистон аввали моҳи майи соли равон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 9 санади ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун ба имзо расида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста