Шоми рӯзи 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон изҳори хушӣ кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид.
Аз рушди муваффақонаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда шуд.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии судбахши ду кишвар дар ин арсаҳо табодули назар сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста