Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ Эътимодномаи худро супорид. Маросими супоридани Эътимоднома тибқи маросими ташрифотии кишвари иқомат дар Кохи Раштрапати Бҳаван баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ расонида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва мудофиа ба манфиати ҷонибҳо маънидод гардиданд. Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои ҷадиди глобалӣ ба мисли даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ низ аз бахшҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Дар фарҷоми суҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъйю кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста