Собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт ва собиқ мушовиир президенти Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи оташбаси ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин Зафар Икромов меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамддунҳо» шуда, андешаҳои худро доир ба даргириҳо ва расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон иброз медорад.
Роҳбари Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки суҳбат бо Зафар Икромов соати 17-и санаи 25-уми октябр дар маркази савдои «Пойтахт» доир мегардад.
Полковник Зафар Икромов солҳои тӯлонӣ раҳбарии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро бар дӯш дошта, дар вилояти Суғд ба ҳайси муовини раиси Раёсати корҳои дохилии вилоят фаъолият намудааст ва дар доираҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун корманди ҳирфаии шуъбаи кофтукови ҷиноӣ маъруф аст.
Пас аз барканор гардидан аз мансаби мушовири президенти кишвар оид ба масоили ҳуқуқӣ, З.Икромов, ки фаъолона бо журналистон мусоҳибаҳо анҷом медоду фикру андешаҳояшро оид ба ин ё он рӯйдоди муҳим баён мекард, тайи солҳои ахир худро аз матбуот канор гирифт.
Ба андешаи коршиносон, Зафар Икромов дар ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон саҳми босазо дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста