Санаи 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Минск таҳти раёсати президенти Беларус Александр Лукашенко нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар нишасти мазкур қабули қарор дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон кардани шаҳрҳои Воронеж ва Кӯлоб дар соли 2015 дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзномаи нишаст 17 лоиҳаи санадҳоро дар бар мегирад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, таъмини амният ва дигар бахшҳо равона гардида, ҳамчунин як қатор масоили тадорукотӣ низ баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, яке аз санадҳои муҳими баррасишаванда лоиҳаи Муроҷиатномаи сарони кишвархои узви ИДМ ба мардуми давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ва ҷомеиа ҷаҳонӣ дар робита ба 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста