Пас аз иштирок дар маросими расман сари мансаб омадани президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ (нахуствазир) Абдулло Абдулло раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо онҳо мулоқот кард.
Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров бо президенти тозаинтихоби Афғонистон масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, амният ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу ризоят дар Афғонистон аст. «Мо ҳамеша ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раҳбарияти Афғонистон дар роҳи ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвари дӯстро, ки моро бо ҳама робитаҳои чандинсараи таърихиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд, ҳамеша дастгирӣ мекунем», - қайд кардааст Зуҳуров.
Ӯ ба президенти нави Афғонистон табрикот ва орзуҳои самими президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ расонидааст.
Дар навбати худ президенти Афғонистон сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба боздиди расмӣ аз Афғонистон дар фурсати барояш қулай даъват кардааст.
Зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо доктор Абдулло Абдулло масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки таъсиси ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба расидан ба сулҳу ризоият дар фурсати наздиктарин дар ин кишвар умедвор месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста