Дар брифинг бахшида ба интихобот ба палатаи болоии парлумони Қазоқистон (1-уми октябр) ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, президенти Акадмияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ намуд, ки интихоби ваиклон ба сенати Қазоқистон дар вазъи ором ва комилан мутобиқи қонунгузории миллии ин кишвар сурат хоҳад гирифт.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ мониторинги маъракаи интихоботӣ дар як қатор шаҳрҳо ва марказҳои вилояти Қазоқистонро анҷом дода, бо номзадҳо ба вакилӣ дар Сенати парлумон, раҳбарияти комиссияҳои интихоботии вилоятӣ вохӯриҳо мегузаронанд.
«Ба ҳайати гурӯҳи иборат аз 28 нафар нозирон вакилони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, дабири кулли Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев, коршиносони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ шомиланд», - иброз доштааст ӯ.
Гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Алмаато бо мақсади анҷом додани мониторинги омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Сенати Қазоқистон ба кор оғоз намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста