Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Саидбой Зокиров дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Равандҳои интихоботӣ дар паҳнои ИДМ», ки аз 9 то 12-уми октябр дар қароргоҳи ИДМ дар Минск доир мегардад, иштирок ва маърӯза мекунад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кори ин конфронс намояндагони кишварҳои узви ИДМ, САҲА, коршиносони байнулмилалӣ, сиёсатшиносон ширкат варзида, чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Иттиҳод созмон дода шудааст.
«Зимни суханронӣ муовини раиси КМИР Тоҷикистон ба иштирокдорони конфронс дар бораи тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ маълумот хоҳад дод», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста