Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми октябри Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Минск сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кори Иттиҳод натиҷагирӣ карда, Шартномаи қатъи фаъолияти онро аз 1-уми январи соли 2015 ба имзо мерасонанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, давоми 14 соли фаъолият ин созмон дар рушди равандҳои ҳамгиройии минтақаи авруосиёӣ саҳми босазо гузошта, ба ташаккули Иттиҳоди Гумрукӣ, Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон ва ҳамчунин баромадан ба сатҳи нави ҳамгиройӣ – таъсиси Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ муосидат намуд.
Гуфта мешавад, дар нишасти ИДМ дар Минск баррасии масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назар буда, як қатор созишномаву қарорҳои дахлдор ва ҳамчунин Изҳорот дар бораи таҳкими низоми байнулмилалии назорати маводи мухаддир барои имзо омода мегарданд. Ҳамчунин дар робита ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 сарони кишварҳо Муроҷиатнома ба мардуми Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста