- Гурӯҳи шахсоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранду аҳолии ҷумҳуриро ба гирдиҳамойӣ даъват мекунанд, аз «рӯҳияи издиҳом» ва ҳақиқати одии тоҷикӣ – «Кӯр асояшро як бор гум мекунад» огаҳие надоранд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатмадори маъруфи тоҷик, пешвои коммунистон ва вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи Шабдолов, «аввали солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба истилоҳ демократҳо ва исломгароёни тоҷик ба гирдиҳамойиҳои ғайриқонунӣ ва бемуҳлат ҷамъ омада, худ нафаҳмиданд, ки издиҳом ба наздикӣ аз таҳти назорати онҳо берун меравад ва ҷанги бародаркуш оғоз мегардад».
Дар идома ӯ аз гуфтаҳои файласуф, мутафаккир, сиёсатмадор ва нависандаи асрҳои XV-XVI-и Италия Никколо Макиавелли иқтибос овард, ки ба сиёсатмадорони замони худ чунин муроҷиат карда буд: «Ҷангҳо бо иродаи шумо оғоз меёбанд, вале бо хоҳиши шумо ба охир намерасанд».
«Шахсоне, ки ба ҳукумат норозигӣ баён карданианд, метавонанд аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ – баргузор намудани гирдиҳамойӣ ва раҳпаймоиҳои қонунӣ истифода кунанд, ки амнияти онхоро сохторҳои дахлдор таъмин мекунанд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста