Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ба кору фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накӯяшон соҳиби обурӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Русия манфиатдоранд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои будубош ва кору зиндагии тоҷикон дар Федератсияи Русия бояд дар худи Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва ҳунаромӯзии касони ба муҳоҷирати корӣ раванда хуб ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат пешниҳоди роҳбарони ҷамъиятҳоро доир ба таъсиси як созмони умумирусиягии тоҷикони муқими ин кишвар хуш пазируфта, таъкид дошт, ки тавассути ин созмон бояд фаъолияти тоҷикон хуб ҳамоҳанг карда шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тоҷикони муқими ин кишвар минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хоҳанд буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста