Дар доираи амалисозии лоиҳаҳо оид ба аз нав таҷҳизонидани таваллудхонаҳо, сохтмони мактабҳо дар вилояти Хатлон, тадбиҳои ҳифзи ҷангал ва бунёди манзили зист барои мутахассисони ҷавон дар манотиқи дурдасти куҳистон ҳукумати Олмон дар муддати 2 сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 36 млн. евро бурс ҷудо мекунад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Олмон ҷиҳати харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ барои таваллудхонаҳо дар вилояти Хатлон - 14 млн. евро, сохтмони 14 мактаб дар деҳоти вилояти Хатлон – 6 млн. евро, андешидани тадбирҳои ҳифзи ҷангалҳои Тоҷикистон – 8 млн. евро ва бунёди манзили зист барои мутахассисони ҷавон дар манотиқи дурдасти кӯҳистон – 8 млн. евро маблағ ихтисос медиҳад.
Баъди суханронии Саидраҳмон Назриев вакилони парлумони ҷумҳурӣ созишномаҳо аз рӯи лоиҳаҳои дар боло зикршударо, ки тобистони соли ҷорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон ба имзо расида буданд, бидуни баррасӣ тасдиқ карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста