Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Гуфта мешавад, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва саломи меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.
Зимнан зикр мегардад, ки баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста