Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 17-уми октябр дар мулоқот бо ҷавонон дар робита ба масъалаи гирдиҳамойии баргузорнашуда дар Душанбе ибрози назар намуда, аз уҳдадориҳои ҳукумат ёдовар шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ бо хитоб ба гурӯҳҳое, ки дар таърихи 10-уми октябр ба митинг фаро хонда буданд таъкид намуд, ки Наҳзат ҳарчанд дар хостаҳои машруъ ва ҳадафҳои некашон бо онҳо шарик бошад ҳам, дар роҳ ва услуби кор ихтилоф дорад ва аз онҳо даъват намуд, ки бигзор ба Тоҷикистон оянду ҳамаи фаъолияти худро дар чорчуби қонунҳои мавҷуда роҳандозӣ намоянд.
Ба андешаи М.Кабирӣ, «сарусадоҳои митинг ва эҳсоси бесуботии ахир дорои паёме барои ҳама мебошад: «Ин паёме барои ҳукумат, оппозитсия, Наҳзат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳама буд».
«Паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар ҳукумат ин аст. Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг баргузор нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ бисупоред ва бигӯед, ки "то омадани табар кунда меосояд” ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳед», - иброз дошт ӯ.
Раиси ҲНИТ аз интихоботи парлумонии оянда суҳбат карда, аз мақомот хост, то мардумро аз ҳоло итминон бидиҳанд, ки ин интихобот фарқкунанда хоҳад буд, тақаллуб сурат намегирад , дигар раъйи мардум дуздида намешавад ва мардум ҳаққи интихоби масъулони худро озодона хоҳанд дошт.
Муҳиддин Кабирӣ аз мақомот хост, то пеши роҳи фишорҳову таҳдидҳо ва монеъагузориҳо дар масоили динӣ ва озодӣ гирифта шавад ва итминон дода шавад, ки мардум дигар ба хотири дину тадайюн ва ба хотири либосу масҷид ва узвият дар ин ё он ҳизби сиёсӣ мавриди фишору таъқиб қарор нахоҳанд гирифт.
«Агар шумо имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин кардед, ҳеч кас дар фикри митингу тазоҳурот намешавад. Мехоҳед, ки ҳам ба мардум иҷозати рафтан ба масҷид надиҳед, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат кунед, раъйяшро тақаллуб кунед, моликияташро аз дасташон бигиред, барқ надиҳед ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии дигарро болои мардум биёваред ва боз ҳам бигӯед, ки мардум ношукр ҳастанд ва шукрона намекунанд ва ба дасисаву иғвои чанд нафар гирифтор мешаванд», - таъкид дошт раиси ҲНИТ.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мардум ин дафъа ба ҳарфи ҳукумат, оппозитсия ва имомхатибон гӯш доданд ва даст ба тазоҳурот назаданд ва ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин мушкил рафъ шуда, дар оянда ягон мушкилӣ намеояд ва агар фишор болои мардум, Наҳзат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ давом кунад, дигар мардум ба ҳарфи касе гӯш нахоҳанд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста