Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Нишони давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шукӯҳи хоса ва шукргузории самимӣ аз фазои орому осуда ва ободию сарсабзии ватани азизамон истиқбол гирифтанд.
Барои карнавали идона бахшида ба солгарди 90-уми шаҳри дилорои Душанбе аз майдони Нишони давлатии Тоҷикистон то боғи зебои Наврӯзгоҳ ҳама ҷо ба таври идона ороста буд.
Таҳиягарону ташкилкунандагони ин тантанаи бузург саҳни шаршараи боғи Наврӯзгоҳро макони марказии карнавали идона интихоб намуда, онро хеле зебо ороста буданд.
Дар барномаи бошукӯҳи карнавали идона устодони санъату фарҳанг, аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста