Лоиҳаи қонун «Дар бораи афв» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – санаи 29-уми октябр баррасӣ мешавад.
Котиби матбуотии палутаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо қарори ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати омӯзиши дақиқ ба кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон фиристода шуд.
Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумон, ҳуқуқшиноси касбӣ Саодат Амиршоева дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ин афвро метавон «афви тиллоӣ» ном бурд, зеро он беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони кишварро фаро мегирад.
«Ғайр аз ин, агар ҳар кадоме аз маҳкумшудагону судшавандагони мавриди афроргирифта, се-чор нафарӣ наздикону хешон дошта бошанд, пас ин афв ба хонадони 40-50 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шодиву фараҳ меорад», - гуфт Амиршоева.
Ёдрас мекунем, ки ин афви 14-умин тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аст. Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд.
Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.
Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста