Дар толори шуъбаи ҲНИТ-и минтақаи Кӯлоб бахшида ба 20-умин солгарди сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ мизи гирд баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст намояндагони мақомоти шаҳрӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатие, ки дар шаҳри Кулоб мустақар ҳастанд, ширкат варзида, ҳамчунин барои ширкат дар конфронс масъули шӯъбаи интихоботи ҲНИТ В. Қосиддинов, Шоҳнаими Карим ва Убайдуллои Файзулло низ аз Душанбе ба Кӯлоб сафар карданд.
Раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, В.Қосиддинов низ зимни сханронии худ дар бораи қонунҳои аслӣ ва вазъӣ суҳбат намуда таъкид кард, ки қонунҳои мавҷудаи кишвари мо бо вуҷуди камбудиҳои каме, ки доранд қонунҳои хубе ҳастанд, вале мушкили аслӣ дар ҷомеаи мо амалӣ шудани қонунҳо аст. Агар ҷомеаи мо аз "фармонмеҳварӣ” хориҷ шуда ба самти қонунмеҳварӣ пеш равад вазъият дигаргун хоҳад шуд.
Инчунин дар ин мизи мудаввар муовини раиси ҲНИТ дар минтақаи Кулоб Сафарали Зоиров сарқонуни кишварро яке аз беҳтарин сарқонунҳо дониста, тазодди бархе зерқонунҳо ва фармонҳоро бо сарқонун мушкили аслӣ арзёбӣ намуд. Ба ақидаи Зоиров бархе масъулин ба хотири ноогоҳӣ ё аз руи қасд фармону дастуротеро содир мекунанд, ки бо сарқонуни кишвар мухолифати ошкор доранд. Ҳатто бархе зерқонунҳои аз тарафи парлумони кишвар ба тасвибрасида низ бо сарқонуни кишвар дар тазоди ошкор қарор доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста