Шоҳбонуи Дания Мари имрӯз бо сафари нахустин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сатҳи олӣ як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.
Бино ба маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,
шоҳбону Мари аз як қатор муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла рӯзи 23-юми октябр аз Маркази захиравии тренингии назди Пажуҳишгоҳи педиатрия ва Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Варзоб боздид мекунад. Худи ҳамин рӯз малика дар ҷараёни хизматгузории тавонбахшии тиббӣ барои кӯдакони гирифтори бемории полиомиелит иштирок мекунад.
Рӯзи 24-уми октябр ш оҳбонуи Дания бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, маркази солимии деҳот дар ноҳияи Ваҳдат ва Маркази миллии солимии репродуктивӣ шинос мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар ш оҳбонуи Данияро мудири минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якаб, ки санаи 23-юми октябр ба Тоҷикистон меояд, ҳамроҳӣ мекунад.
Сафари ш оҳбонуи Дания Мари ба Тоҷикистон то 25-уми октябр идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста