Сарфи назар аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ахири моҳи феврали соли оянда, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) минбаъд низ ба бекор намудани гаравпулии интихоботӣ, ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва қисман мабалғгузории ҳизбҳои сиёсии кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон исрор хоҳад варзид. Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков чунин ибрози назар намуд.
Бино ба гуфти ӯ, имрӯзҳо ҲКТ бо ҷалби олимону коршиносон ва сиёсатмадорон барномаи пешазинтихоботии худро таҳия мекунад, ки дар он ба масъалаҳои таъмини ҳаёти шоиста ба меҳнаткашон, ҳимояи пурзӯри иҷтимоии аҳолӣ ва дастрасии ройгони мардуми кишвар ба таълимот (маориф) ва тандурустӣ афзалият дода мешавад.
«Мо бори нахуст ният дорем, ки ба барномаи пешазинтихоботии худ фасли ҷудогонаеро шомил созем, ки дар он ба интихобкунандагон мавқеи коммунистони Тоҷикистон дар масъалаи навъҳои гуногуни моликиятро шарҳ медиҳем», - қайд кард Талбаков.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки масъалаи пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҲКТ рӯзи 27-уми декабр дар анҷумани ғайринавбатии коммунистони Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.
« Пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҳизби мо бештар ба маблағи пулӣ вобаста аст ва тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои ин ба мо ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ маблағ зарур аст», - гуфт котиби ҲКТ.
Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии номзадҳо аз ҲКТ ахири моҳи сентябр фонди интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки то имрӯз ба суратҳисоби он беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста