Рӯзи 23-юми октябри соли равон дар Братислава сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов нусхаи Эътимодномаи худро ба котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Петер Буриан супорид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилотти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбате, ки баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳангро мавриди муҳокима қарор дода, Петер Буриан аз таъин шудани намояндаи Тоҷикистон дар Словакия истиқбол кард ва ҳавасмандии худро ба рушди босуръати ҳамкориҳои созандаву мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятнок таъкид дошт.
Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ сурат гирифта, ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳкими робитаҳо таъкид доштанд.
Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Мудири Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қавқози Ҷанубӣ ва Осиёии Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Бранислав Ҳитка низ баргузор гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста