Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмон баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад”,- изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.
Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз кумакҳои бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста