Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Туркманистон ба президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду нисбат ба он аҳамияти самимӣ, дӯстона ва пурмазмун зоҳир менамоянд ва ҳамкорӣ бо Туркманистон имрӯз дар стратегияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.
«Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон бо шарофати кӯшишҳои муштараки мо имрӯз бо рушди муназзам чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба тавсиф мегарданд. Барои афзун кардани ҳамкориҳо аз рӯи тамоми самтҳо заминаи ҳуқуқии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст», - омадааст дар барқия.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки бо кӯшишҳои муштарак ин имкониятҳои пуриқтидорро пурра татбиқ намуда, ба ҳадафҳои мусбати гузошташуда ба манфиати ояндаи босубот ва дурахшони кишварҳо ва дар маҷмӯъ, дар минтақа шарафёб хоҳем гашт. «Шуморо ба он бовар мекунонам, ки мо аз ҷониби худ тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона месозем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба манфиати мардумонамон мо рушду таҳким ёбанд», - баён мегардад дар барқия.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста