Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад, ки барои пешгирии хароҷоти зиёдатии буҷети давлатӣ, Вазорати тандурустии кишварро ба худмаблағгузорӣ гузаронад.
«Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар кумаки ройгони тиббиро кафолат медиҳад, вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар аллакай кайҳост, ки тибби ройгон вуҷуд надорад, ҳатто барои вуруд ба ҳама гуна муассисаи тиббӣ маблағе пардохт кардан зарур аст», - гуфт Ҳусайнӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, пас аз бахши маориф ҳукуматдорон ҳамасола ба соҳаи тандурустӣ воситаҳои зиёди буҷетиро ҷудо мекунанд ва ба ҳеҷ касе маълум нест, ки маблағҳои аз ҷониби беморон пардохтшуда ба бемористонҳо, табибон, ҳайати тиббии муассиса, барои кат дар беморхона, хизматгузории санитарҳо, барои ташхис ва муолиҷа куҷо мераванд. «Ман бовар дорам, ки ин соҳа ба таъмини фаъолияти худаш имкон дорад», - мутмаин аст муовини раиси ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста