Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи афв» ҷонибдорӣ намуданд. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ Қонуни мазкур нисбати зиёда аз 10 ҳазор гумонбаршудагон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.
Зимни шарҳи қонун назди вакилон дар ҷаласаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода қайд кард, ки қонуни афв ба шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, терроризм, куштори бераҳмона даст доранд, дахл нахоҳад дошт.
Ба гуфтаи ӯ, 112 нафар маҳкумшудагоне, ки ба бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил гирифторанд ба озодӣ мебароянд. Ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то 1,6 сол боқӣ мондааст, низ озод мешаванд.
Афроде, ки дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва дигар қонуншиканиҳои молӣ даст доранду маблағи зиёни расидаро ҷуброн кардаанд, низ мавриди афв қарор мегиранд. Муҳлати адои ҷазои ҳукми шахсони гунаҳкор дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз се як ҳисса ва шахсони муттаҳам ба ҷиноятҳои махсусан вазнин аз чор як ҳисса кам карда мешавад.
Прокурори генералӣ таъкид дошт, ки нисбати афроде, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки ду маротиба афв шудаанд, қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.
Қобили зикр аст, ки амали Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» доираи шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста