- Муроҷиати раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба президенти мамлакат, пешвои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз ҷониби ӯ роҳ надодан ба ҷойгир кардани аксҳояш дар шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии ҳизб, қабл аз ҳама як навъ воситаи таблиғ (пиар)-и худи раиси ҲСДТ пеш аз интихоботи парлумонӣ мебошад, - мутмаин аст Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
«Ифтихор аз нуфузи пешвоямон Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ касеву ҳеҷ қонуне ба мо манъ намекунад», - иброз дошт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар шарҳи муроҷиати раиси ҲСДТ ба президент.
Намояндаи ҲХДТ хотиррасон намуд, ки худи Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба мансабдорони ҳизбӣ муроҷиат кардааст, ки зимни баргузории чорабиниҳои сирф ҳизбӣ аз номи ӯ камтар истифода кунанд. «Пешвои мо ҳеҷ гоҳ чунин таблиғотро хуш надорад», - қайд кард Усмон Солеҳ.
Дар идома ӯ зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва дастурҳои шахсии Эмомалӣ Раҳмон, зимни баргузории чорабиниҳои пешазинтихоботӣ истифода аз механизмҳои идоракунии давлатӣ манъ шудааст. «Ҳизби мо ва ҳар як номзад аз он тибқи барномаҳои пешазинтихоботии худ дар интихобот ширкат меварзанд, ки ба эътиқоди мо, омили асосии ҷалби овозҳои интихобкунандагон аст», - таъкид дошт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста