Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни мазкур асосан нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшидани гуноҳҳои зиёда аз 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, пеш аз ҳама, занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.
Зикр мегардад, ки матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста