Дар видеохостинги Youtube таҳти унвони «Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистион» акнун хадамоти ин хадамоти сарвари давлат амал мекунад. Аз хадамоти матбуоти президент ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки аккаунти мазкур саҳифаи расмии ин ниҳод маҳсуб меёбад.
Алҳол дар ин саҳифа навори видео аз консерти «Шоми дӯстӣ» ба муносибати нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, қабули сарвари давлати Чин аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин як қатор паёмҳои табрикии президенти мамлакат ҷой дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси Иттиҳодияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев дар ин робита изҳори тааҷҷуб намуда буд, ки чаро мақомоти давлатӣ аз видеохостинги Youtube ба нафъи худ ва таблиғи андешаву сиёсаташон истифода накарда, гоҳ-гоҳе дастрасӣ ба онро қатъ мекунанд.
Асомиддин Атоев қайд карда буд, ки тибқи маълумоти ӯ, дар Youtube навори видео бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳазор ададро ташкил медиҳанд. «Аз ин миқдор 46 навори видеоиро хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ», 25 наворро – TajNetTV, 6 наворро – хабаргузории «Озодагон» ва боқимондаро дигарон гузоштаанд», - гуфта буд вай ва изҳори таассуф намуда буд, ки дар он ҷо ягон маълумоти расмӣ аз хадамоти матбуоти президент, шабакаҳои давлатии телевизион ва дигар сохторҳои иттилоотиву таҳлилии кишвар ҷой надошт.
«Тааҷҷубовар аст, ки чаро мақомоти расмии Тоҷикистон имконоти чунин хостингеро, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва ҳафт рӯз дар як ҳафта дастрас аст, нодида мегиранд», - зикр карда буд Атоев.
Асомиддин Атоев муътақид аст, ки зимни бастани чунин захираҳои интернетӣ набояд фаромӯш сохт, ки беш аз миллион нафар шаҳрвандони тоҷики хориҷи ҷумҳурӣ ба онҳо дастрасӣ доранд. «Мо ин майдонро барои маводи ғайриқобили қабул озод мегузорем. Як хирадманде гуфтааст, ки агар мо чизеро надонем, ин маънои онро надорад, ки он чиз вуҷуд надорад. Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо аз ҷониби Хадамоти алоқа фиреби ҳукумат, кӯшиши рӯйпӯш кардани чизест, ки воқеъан ҳам арзи ҳастӣ дорад», - изҳор намуд Асомиддин Атоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста