Зимни вохӯрии муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили марбут ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳо, омодагирии ҲХДТ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки А.Латифзода ба сафир ҳамчунин дар бораи таърихи таъсиси ҳизб, сохтор ва нақши он дар ҳаёти имрӯзаи сиёсии кишвар маълумот дод.
Дипломати Ҷопон дар бораи нақшаҳои кишвараш оид ба таҳкими пояҳои демократия дар Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва ҳамчунин бахши иҷтимоӣ ибрози назар намуд.
«Сафир роҷеъ ба лоиҳаҳои аз ҷониби ҳукумати Ҷопон мавриди амал қарордошта дар Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди деҳот ва омодакунии мутахассисони ҷавони тоҷик дар кишвараш низ маълумот дод», - қайд кард Солиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста