Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он аъзои ҳукумат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳо дар маҳалҳо, прокурору судяҳо, роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне вакилон дар маҷлисҳои вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ надоранд.
Вакил Бибидавлат Афзалшоева зимни суханронӣ дар ин робита изҳор кард, ки тибқи ин тағйирот, агар мансабдорони дараҷаҳои зикршуда хоҳиши пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллиро дошта бошанд, онҳо уҳдадоранд, ки аз хизмати давлатӣ даст кашанд. «Ин тағйирот ба раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин муовинони онҳо дахл надорад», - иброз дошт Афзалшоева.
Тибқи тағйироти дигар дар қонуни мазкур, аҳзоби сиёсии кишвар, ки дар ин ё он шаҳру ноҳия бахшҳои худро надоранд, ҳамчунин ба пешбарии номзади ҳизб ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва шомил шудан ба ҳайати комиссияҳои интихоботии маҳаллӣ низ ҳуқуқ надоранд.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ ба тағйироти марбут ба ҳизбҳои сиёсӣ норозигӣ изҳор намуда, бар ин назар аст, ки онҳо ба афзоиши ҳодисаҳои маҳалгароӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста