Шоми рӯзи 6-уми ноябр губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, губернатори шаҳри Санкт-Петербургро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешвоз гирифта, то субҳи имрӯз ҳамаи иштирокчиёни Рӯзҳои Санкт-Петербург ба Душанбе омадаанд.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (7-8-уми ноябр) миёни ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати корӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад.
Дар доираи сафар ба Душанбе Георгий Полтавченко бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дидору гуфтушунид анҷом дода, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҶТ боздид мекунад ва ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва гулхани ҷовидонӣ дар Боғи Ғалаба гулчанбар мегузорад.
Шоми имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» консерти дастаҳои эҷодии маъруфи шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин рӯзҳо машвартаҳои табибони шаҳри Санкт-Петербург барои сокинони пойтахти Тоҷикистон доир гардида, ҳамчунин дар маркази «Душанбе-Плаза» намоишгоҳи асарҳои рассоми тоҷиктабори шаҳри Санкт-Петербург Матлуба Яҳёева баргузор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста