- Тавсияҳои асосии Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) оид ба тағйирот дар қонунгузории интихоботи кишвар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ нодида гирифта мешавад – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.
«Ҳукуматдорон иддаъо мекунанд, ки аз 25 тавсияҳои САҲА/ДИДҲБ, ки аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 пешниҳод шуда буданд, 18-тоашро ба иҷро расонидаанд, лекин агар бодиққат ба ин тавсияҳои иҷрошуда нигарӣ, онҳо дуюмдараҷа буда, дақиқатараш, тақдири интихоботро ҳал намекунанд», - зикр кард Кабирӣ.
Ба андешаи ӯ, қоидаҳои нави пур кардани варақаҳои раъйдиҳӣ, истифодаи ручка зимни пур кардани протоколҳо, аз раёсат дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ хориҷ кардани намояндагони сохторҳои давлатӣ, озодонаву шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихоботро таъмин карда наметавонанд.
«САҲА/ДИДҲБ ва як қатор ҳизбҳои сиёсӣ, ба мисли ҲНИТ, Ҳизби коммунист ва ҲСДТ аллакай чандин маротиба ба ҳукумату парлумон тавсия доданд, ки ба қонунгузории интихобот дар бораи ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ҳатман шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ки дар он асосан тақдири интихобот ҳал мешавад ва ба намояндагони аҳзоби сиёсӣ супурдани нусхаи қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ тағйирот ворид карда шавад, вале ин тавсияҳо, ки асосианд, аз ҷониби ҳукуматдорон нодида гирифта мешавад», - изҳор намуд раиси ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста