Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввал ва муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ гаштанд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, дар фасли зимистон ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҳамчунин таъкид намуд, ки тамоми имконият ва чораву тадбирҳоро баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ андешида шаванд.
Масъалаҳои истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста