Дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими имзои Барномаҳои кӯмаки грантии Япония бо иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тибқи барномаҳои баимзорасида ба 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар, маблағи тақрибан 1 миллион доллари ШМА барои сохтмони мактабҳо, таҷҳизонидани беморхонаҳо ва беҳсозии зерсохторҳои деҳаҳо пешниҳод карда мешавад.
Зимни маросим Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати Япония барои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳо ва сатҳи баланди эътимоду шарикӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаҳои мухталиф ва роҳҳои фаъол намудани хамкориҳои байнисоҳавӣ ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Кумакҳои Япония дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва нақши созандаи ин кишвар дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ баланд арзёбӣ карда шуд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъмини рушди босуботи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва расонидани кумакҳои минбаъда дар ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти ин кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста