Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари америкоӣ созишномаҳо бо Ҳукумати мамлакат, бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд.
«Ҳоло сандуқи лоиҳаҳои фаъоли ин бонк ба маблағи умумии зиёда аз 500 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунию хоҷагии манзилӣ, низоми бонкдорӣ ва бахши хусусӣ амалӣ мешаванд», - омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти президент.
Гуфта мешавад, бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону БАТР ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо, ба хусус ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, минбаъд низ босамар идома меёбад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба таҳким ва густариши ҳамкории оянда таъкид доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста