Ахири ҳамин ҳафта (21-22-юми ноябр) президенти Конфедератсияи Швейтсария, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Дидйе Буркҳалтер аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ӯ бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.
Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 17-18-уми ноябр ҳайати Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо роҳбарии президенти Бонк Сума Чакраборти ва рӯзҳои 20-21-уми ноябр ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Гуфта мешавад, ин ҳафта (рӯзҳои 16-21-уми ноябр) сафирони навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Мексика, Австралия, Малайзия, Шоҳигарии Дания, Словения, Ирландия, Гана, Шоҳигарии Нидерланд, Португалия, Эстония, Босния ва Гертсеговина, Молдова, Давлати Исроил, Зеландияи Нав, Канада, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла барои супоридани Эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста