Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Австралия Пол Эндрю Майлер, Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Словения Примож Шелиго, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.
Гуфта мешавад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба мақоми олии сафирони давлатҳои худ табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста