Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати дигар эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарваридавлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, Молдова Андрей Галбур, Малайзия Дато Норъайнӣ, Давлати Исроил Кармела Шамир, Канада Шон Стайл ва сафири Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуданд.
Гуфта мешавад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақоми баланд шодбош гуфта, изҳори бовар намуд, ки саҳми онҳо дар тавсиаи робитаҳо ва дастёбӣ ба натиҷаҳои назаррас намоён хоҳад буд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали рӯз ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Австралия Пол Эндрю Майлер, Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Словения Примож Шелиго, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста