Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба вазири молия савол дод, ки соли оянда музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо то кадом андоза зиёд мешаванд.
Вазири молия Абдусалом Қурбонов посух дод, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо ҷудо кардани беш аз 400 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кард, ки агар дар самти хатарҳои беруна ва иқтисоди миллӣ мушкилот рӯйи кор наояд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо тирамоҳи соли оянда зиёд карда мешаванд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зикр кард, ки коҳиши суръати рушди иқтисоди шарикони асосии хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Русия дар робита ба таҳримҳои ҷоришуда аз ҷониби кишварҳои Ғарб, барои коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳам эҳтимоли зиёд дорад.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти нафақаи назди ҳукумати ҶТ, собиқ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов қайд кард, ки соли оянда барои пардохти нафақа ҷудо кардани 2 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. «Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 680 ҳазор нафар нафақа мегиранд ва мо пардохти саривақтии нафақа ва кумакпулиҳоро кафолат дода метавонем», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир имсол бори нахуст дар Тоҷикистон ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо афзуда нашуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста